💾 Archived View for kwiecien.us › aet › ecxist.gmi captured on 2024-03-21 at 15:29:54. Gemini links have been rewritten to link to archived content
⬅️ Previous capture (2020-09-24)
-=-=-=-=-=-=-
Мақсади офариданаш муомилаи миллатҳои гуногунро осонтар ва баробар-ҳуқуқ гардонидан. Бештар аз сад сол ҳаматарафа истифода бурдани ин забон ӯро хақиқатан забони байналхалқӣ кард, ки ҳар як инсон фикру ақидаҳояшро бо ин забон пурра ифода карда метавонад.
Эсперанто азони ягон халқи алоҳида нест. Ба инсоне, ки ӯро истифода карданӣ аст, хизмат мекунад. Ин забон бетараф аст ва барои маданияти халқҳои тамоми ҷаҳон баробар кушода аст.
Аз сабаби грамматикаи оддӣ ва мантиқӣ доштанаш, истифода бурдани решаҳои калимаҳои байналхалқӣ ва калимасозии аглютинавӣ, ки аз қисмҳои асосии қабулшуда имконияти сохтани калимаҳои навро медихад, эсперанто барои омӯхтан бениҳоят осон аст. Ёд гирифтани эсперанто, нисбатан ба аз худ кардани забонҳои миллӣ, тақрибан даҳ маротиба кам вақт талаб мекунад.
Эсперанторо омӯзед - комёбиҳои бениҳоят пурқимат ба даст меоред. Бо одамоне, ки дар қитъаҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд, мукотиба карда метавонед ва дар тамоми ҷаҳон дӯстонро пайдо мекунед.
Агар Шумо саёҳат карданро дӯст доред, аз "Pasporta servo" баҳра баред. Ин шабака ҳазорон одамонро дар садҳо мамлакатҳо васл мекунад. Онҳо Шуморо дар хонаашон бепул қабул мекунанд ва бо шаҳру мамлакаташон шинос мекунанд.
Шумо метавонед дар вохуриҳои эсперантодонон дар мамлакататон ё дар хориҷи кишвар иштирок кунед. Масалан, дар эсперанто-конгреси умумиҷаҳон ё конгреси байналхалқии ҷавонон, ки хар сол дар ягон мамлакати дунё мегузарад ва барои ҳазорон иштирокчиён вокеаҳои фаромушнашавандаанд.
Дар минтақаҳои хақиқатан байналхалқи бо маданияти халқҳои гуногун дучор мешавед. Ба забони эсперанто адабиёти бениҳоят бой - оригиналӣ ё тарҷумашудагӣ - вуҷуд дорад. Садҳо маҷаллаҳою рӯзномаҳо аз чоп мебароянд. Даҳҳо радиостанцияҳои ҷаҳон барномаҳояшонро ба забони эсперанто паҳн мекунанд
Китобҳои дарсии эсперанто дар ақсарияти забонҳо мавҷуданд. Ва аз сабаби бениҳоят осон будани забони эсперанто, Шумо ӯро мустақилона ё дар дарсҳои ғоибона омӯхта метавонед. Эҳтимол дар гирду атрофи Шумо дарсҳои ин забон гузаронида мешаванд
Барои гирифтани маълумоти муффасал ба Ассотсиатсияи эсперантодонони Тоҷикистон, ё ба Ассотсиатсияи эсперантодонони тамоми ҷаҳон ва ба Ассотсиатсияи эсперантодонони ҷавон, ки дар бештар аз сад мамлакат аъзо доранд муроҷиат кунед. Барои маслиҳату ёрдам гирифтан ба Маҳфили эсперантодонон, ки дар шаҳратон амал мекунад, меҳмон шавед.
Ассотсиатсияи эсперантодонони
Тоҷикистон
Сарпушта, к.м. 135
734000 ш. Душанбе
тел. +992/37/2215161
UEA kaj TEJO
Nieuwe Binnenweg 176
NL-3015 BJ Rotterdam
Nederlando/Нидерланд