💾 Archived View for kwiecien.us › aet › getinavardon › sans.gmi captured on 2023-05-24 at 18:01:04. Gemini links have been rewritten to link to archived content
⬅️ Previous capture (2021-12-04)
-=-=-=-=-=-=-
Одамон табиати аҷоиб доранд: яке меомӯзад, дигаре аз пайи сарват меравад, сеюмӣ дар ҷомеа мақом меҷӯяд ва, билохир, нафароне ҳастанд, ки умрро сарфи ҷаҳонгардӣ менамоянд. Ба ин тоифа молу сарват барои осоиши умр аст, на умр барои ҷамъоварии сарвату мол. Ҷаҳонгардон, одатан нафаронеанд, ки мехоҳанд бақои ҷаҳон, мавҷудияти халқу миллатҳо, кишварҳо, табиати инсонҳои ақсои оламро бо чашмони худ бубинанд, бо воситаи тафаккури худ дарк намоянд ва аз натиҷаи сафар баҳра бардоранд. Яке аз чунин нафароне, ки бо аҳли оилааш сайри ақсои оламро вазифаи худ қарор додааст, Жак Мишел Санс мебошад. Чун бо аҳли хонаводааш ба Душанбе расид, тасмим гирифтем бо ӯ мусоҳибае анҷом диҳем ва инак, фишурдаи он пешниҳод мешавад.
Номи ман Жак Мишел, 41-сола мебошам, равоншиносам. Якчанд сол дар Африка ва Афғонистон дар ташкилоти байналмилалии «Табибони бесархад» кор кардам. Ҳамсарам Флоренс 41 сол дорад ва дар хонаи калонсолон кор мекунад. Писарам Закарий, яъне Зокир 12-сола аст, духтаронам Зуҳро-9 сола ва Зелия–6 сола мебошанд.
Мо аз даврони кӯдакӣ саёҳатро нағз мебинем. Пеш аз ин саёҳати 3-сола, мо якчанд саёҳати кӯтоҳмуддат доштем. Ман ва Флоренс хоҳиш дорем фарзандонамонро бо олами бисёрмазмуну бисёрранга , забонҳо ва ҳалқҳои гуногун шинос кунем.
Мо аллакай дар 16 мамлакат меҳмон шудем, ки инҳоянд; Швейсария, Олмон, Лаҳистон, Словакия, Чехия, Австрия, Маҷористон, Руминия, Булгория, Урдун, Сурия, Туркия, Эрон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон.
Туркияро чун мамлакати беҳтарин аз бисёр ҷиҳатҳо ба мушоҳида гирифтем.
Тоҷикистон монанди Швейсария кишвари кӯҳистонӣ мебошад. Душанбе ҳам монанди шаҳри худамон Женева мебошад. Душанбе хеле зебо аст. Шояд боз зеботар шавад, зеро дар бисёр минтақаҳои шаҳр корҳои сохтмонӣ босуръат пеш мераванд. Дар маркази шаҳр қасре бино кардаанд ба монанди Қасри Сафед. Хеле ҷолиб аст, ба мо маъқул шуд.
Чанд рӯзе, ки дар Душанбе будем, шоҳиди он гардидем, ки тоҷикон меҳнатдӯст ва меҳмондӯстанд. Якчанд масъалаҳои моро аз рӯи ихлосу сипос ва ойини дӯстӣ масъулона хал карданд. Ҳол он ки чунин муносибат дар мамолики Аврупо дида намешавад. Он ҷо на дӯстиву муҳаббат, балки пул нақш мебозад. Албатта, дар шаҳри шумо проблемаҳоеро ҳам мушоҳида кардем, ки ҳалли худро интизоранд. Масалан, об дар берун тамоми шабонарӯз аз қубур мерезад, аммо дар даруни манзилҳо об нест. Роҳҳо ҳам мӯҳтоҷи таъмир ҳастанд.
Беш аз 2 соли дигар сайр мекунем. Охири соли 2013 ба Женева бармегардем. Баъди баррасии проблемаҳои мавҷуда, шояд дар бораи сафари хатсайри қутби шимолу ҷануби кураи Замин омода гардем. Дар бораи воқеаҳои сайёхатамон, манзараҳои қашангу дилфиреби мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон тавассути сомонаи худ дар шабакаи интернет www.les1001bornes.ch маълумот мерасонем. Хоҳишмандон метавонанд тавассути он аз ҷараёни сафари мо ба ин ё он мамлакат иттилоъ ёбанд. Барои сӯҳбат, ташаккур!
Роҳи сафед, муждарасонони сулх!
Мусоҳибон Саидмуроди Хоҷазод ва Фирдавс Шукуров
Sans_en_esperanto_gxardeno.jpg
Sans_cxe_Firdaus_kaj_Nagxot.jpg
Florens_kaj_Jacques_en_Eklubo.jpg
Sans_giti_rushno_firdaus_apud_rega_palaco.jpg